*Маълумотҳо дар асоси маводҳон Оморн солонаи Ҷумҳурин Тоҷикистон - 2009 ва Вазорати молиян Тоҷикнстон ҳнсоб шудаанд Хароҷопш буҷетҳои маҳаллӣ. Дар асоси моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ танҳо хароҷоти амалҳои зерин маблаггузорӣ мешавад:

211 МОЛИЯ ВА КАРЗ


Маблаггузории амалҳои дигари мақомоти маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки ба масъалаҳои ахамияти маҳаллидошта мансубанд, аз ҷониби мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи гурӯхбандии буҷетии Ҷумхурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд. Хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ. Дар моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-раи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои» омадааст. ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ хароҷоти амалҳои зерин якҷоя маблаггузорӣ мешавад:

212 МЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тақсим ва вобаста кардани хароҷоти якҷояи буҷети ҷум-ҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ байни буҷетҳои сатҳҳои мух-талифи низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати мутаносибии мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода шуда, бо Қонун дар боран Буҷети давлатй барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ карда мешаванд.

Тартиби мутобиқсозии тақсимот ва вобаста кардани хароҷоти дар ихтиёри муштараки мақомоти ҳокимият, идо-раи давлатй ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда ме-шавад.

7.7. Раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди буҷетӣ ин фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчи-ёни раванди буҷет оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои хуқуқй ба тартиб дароварда мешавад.

Раванди буҷетӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:



213 МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

- таҳияи ҳисобот оиди иҷрои буҷет.


Иштирокчиёни раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Точикистон

инҳоанд:



Салоҳияти иштирокчиёни раванди буҷетӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукаррар шудааст.

Мутобиқи моддаи 27-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияп давлатии Ҷумҳурии Тоҷикнстон» Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ра-ванди буҷетӣ салохиятдор аст:



214 МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДЛВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

- ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-


кистон дар соли молиявии гузашта тасдиқ кунад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҷунин ваколатҳоро нисбати фондҳои мақсадноки дав-лати низ амалӣ мегардонад.

Салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллии қокимияти давлатӣ дар раванди буҷетӣ дар моддаи 28-уми Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин муқаррар гардидааст:


Дар моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди буҷетӣ ҷунин муқаррар шудааст:

215 МОДИЯ ВА ҚАРЗ

кистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод меку-нанд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаро дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод менамояд;



Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ра-ванди буҷетӣ чунин салоҳиятҳо дорад:

216 МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Ва-зорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди буҷетӣ ба таври зайл мукаррар шудааст:



- аз бонкҳои ваколатдор оиди гузаронидани амалиёт бо
маблагҳои буҷетӣ ва фондҳои мақсадноки давлатй маълумот
талаб менамояд;

217


МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

7.7.1, Тартиби таҳия, пешииҳод, баррасӣ, қабул ва тасдики буҷетҳо

Тарзи таҳияи лоиҳаи буҷетҳо дар моддаи 34-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатни Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукаррар шудааст. Лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистои барои соли молиявии навбатӣ ва Бар-номаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

Лоиҳаи Буҷети давлатй дар асоси дурнамои инкишо-фи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои иқтисодиёт, тавозуни ҷамъбасти молиявӣ ва бо назардош-ти фароҳам овардани ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии

218


МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

давлатӣ дар асоси меъёрҳои харочоти маблағ барои хизма-храсонии давлатӣ, дигар меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.

Ҷараёни таҳияи доихаи буҷети давлатй аз ду марҳила ибо-рат мебошад:


  1. таҳияи Барномаи миёнамӯхлати хароҷоти давлатӣ;

  2. таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ.

Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ - барномаи сесолаи даромадхо ва хароҷоти давлатӣ мебошад, ки бо он даромадҳои андозӣ, гайриандозй ва грантии буҷети давлатӣ, даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ бо хароҷоти мут-таҳидшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобики фаслу категорияҳои гурӯҳбандии иктисодӣ, секторҳои гурӯҳбандии функсионалӣ ва ихтиёрдори асосии маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ якҷоя карда шудаанд;

Корҳои вобаста ба таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати харо-ҷоти давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикнстон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба оғози таҳияи лоиҳаи Барномап миёнамӯҳлатп хароҷоти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳадаф аз таҳиян Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо барои идоракунии захирахои молиявии давлатӣ, мувофики мақсадҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат ва афзалиятҳои сиёсати давлатй мебошад. Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатй заминаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ ба шу-мор меравад.

Ҳангоми таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотн давлатй ва барномаҳои дахлдори миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатй аз маълумотҳои зерин истифода бурда ме-шавад:

219 МОЛИЯ ВА ҚДРЗ


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор масъул мебошанд, барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатиро, ки аз ҷониби роҳбарони ин мақомот ба имзо расидааст, дар мӯҳлатҳои мукарраргардида таҳия карда, ба Вазорати мо-лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Дар раф-ти таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ Вазо-рати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумотҳои барои ӯ заруриро талаб намояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои мукарраряамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар аеоси барномаҳои соҳавии (бахшии) давлатии хароҷот лоиҳаи Бариомаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатиро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи миёна-мӯҳлати хароҷо~и давлатиро ҳар.сол то 1 июл тасдиқ ва нашр намуда, онро барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

220


МЛВЗУИ "7. МОДИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУ РИИ ТОЧИКИСГОН

Барои таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатй ҳуҷҷату маводи зе-рин тайёр карда мешаванд:



- хисоби ичрои тахмииии буҷет дар соли ҷорни молиявӣ.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистоы дар асоси карори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои бучетӣ оид ба тартиб додани лоиҳаи бучет барои соли навбатии молиявӣ низомнома тартиб медихад, ки дар он сиёсати андо-зу буҷет, самтҳои асосии даромаду хароҷоти буҷет, ҷадвали омода сохтани он ва қоидаҳои иешниход намудани ҳисобу асосноккунии буҷетҳо муайян карда мешаваид.

Дар моддаи 35-уми Қонуни Ҷумҳурни Тоҷӣкисгон «Дар бо-раи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» тартиби таҳияи буҷети ҷумҳуриявй нишон дода шудааст. Мақомоти идо-Раи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъсктҳои ^оҷагидорй, ки ба тараққиёти иҷтимошо иқтисодии ҷумхурӣ Масъуланд, ба Вазорати молия нишондихандаҳои муфасса-ли истеҳсоли молҳоро (кор, хизматрасониро) барои соли Ҳисоботӣ ва давраи пешп назар, ки барои таҳнян лоиҳаи буҷети Нумҳуриквӣ лозиманд, пешниҳод менамоянд.

221


МОЛИЯ ВАҚАРЗ

Вазорати молия қоидаи таҳияи маълумотро барои тар-тиб додан ва пешниҳод намудани сметаи муассисаҳои буҷетй муқаррар менамояд. Ҳуҷҷатҳое, ки муассисаҳои буҷетй пешниҳод менамоянд, бояд ҷунин маълумотро дар бар гиранд:



Вазорати молия ҳамаи ҳисобҳои воридот ва пардохтҳои буҷетиро таҳлил намуда, ба муассисаҳои буҷстӣ ислоҳҳои за-руриро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ҳаҷми зарурии қарзгирӣ ва манбаъҳои имконпазири гирифтани онро муайян мекунад.

Мутобиқи моддаи 38-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молия раисони Вилояти Мух-тори Кӯҳистони Бадахаюн, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳаллй бояд чунин маълумо-тро дар бар гиранд:



222 МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарҳу асосноккунии ҳисобҳо ба Вазорати молия имконнят медиханд таклифҳои оиди буҷетро ҷамъбаст ва тахлнл намояд.

Дар мавриди рӯй додани мухолифат байни Вазорати мо-Лия ва макомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ оиди тартиб додани лоиҳаи буҷети маҳаллӣ, Вазорати молия карор кабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Буҷетҳои фондҳои мақсаднокн давлатӣ аз чониби макомоте, ки фондҳои мазкурро идора менамояд, мутобики низомнома ва муҳлати муқаррарнамудаи Вазорати молия тартиб дода ме-шаванд. Дар ҳолати рӯй додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоте, ки буҷети фондҳои максадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молпя қарор қабул карда, ба бар-расии Ҳукумати Ҷумҳурии Тохикистон пешниҳод менамояд.

Дар асоси таклифҳои аз тарафи вазорату идораҳо, муас-сисаҳои буҷетй пешниход гардида, Вазорати молия лоиҳахои буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетхои фондхои мақсадноки давлатиро барои соли навбатии молиявӣ тар-тиб медиҳад ва онро то 20 сентябри соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷпкистон пешниҳод мекунад. Ҳукуматн Ҷумхурпи Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳод гардидаи буҷетҳои мазкурро муҳокима карда, қарори дахлдор кабул менамояд ва лоиҳаи буҷети давлатиро ҳар сол то 1 ноябр ба Маҷлиси намоянда-гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷату маводи зерин пешниҳод мекунад:


223 МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точи-кистон Қонунро дар бораи Буҷети давлатй барои соли молия-вии навбатӣ қабул мекунад ва онро барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ме-намояд.

Дар сурати то 33 декабри соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои қабул нашудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ, буҷети соли нави молиявӣ мувофики хароҷоте, ки дар Қонуии буҷети давлатии соли гузашта тасдиқ шудааст, танзим карда мешавад. Дар Ч) нин ҳолат Вазорати молия ба вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷетй барои хароҷот ба миқдори аз дувоздаҳ як ҳиссаи хароҷоти соли буҷетии гу-зашта барои ҳар моҳи пурра маблағ медиҳад. Маблағгузории

224 МАВЗУИ 7. МОЛИЯН ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, хизматрасонии қарз ва фо-Изи он пурра иҷро карда мешавад.

Маблагҳои воридшуда, дигар воридот, хароҷоти давраи пеш аз қабули буҷети давлатӣ суратгирифта, аз тарафи Вазо-рати молия баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли мо-лиявии навбатӣ танзим карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мав-риди тасдиқ нашудани буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллиро бо риояи шартҳои зикршуда иҷро менамояд. . Лоиҳаи қонунҳо оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблагҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тагйирёбии маблағгузорй ба ан-дозаи зисда аз 10 фоизитаъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо-раи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи буҷети иловагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии маблаггузорӣ ба андо-заи то 10 фоизи таъииоти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқук дорад дар бо-раи ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ бе тағйири касри буҷет қарор қабул намояд, ки он ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Маҷлиси намоянда-гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро бо тартиби гайрннавбатӣ дар давоми 15 рӯз баррасӣ менамояд.

225 МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй, дигар санадҳои меъёрӣ ва ҳукукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Барои тар-тиб додани буҷетҳои маҳаллӣ, мақоми молияи маҳаллӣ масъ-ул мебошад.


©2018 Учебные документы
Рады что Вы стали частью нашего образовательного сообщества.

дар солҳои 2001-2009* - Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст


дар солҳои 2001-2009*



Солҳо

Мнллион сомони

Бо фоиз аз ММД

2003

772,3

16,22

2004

1090,6

17,68

2005

1402,6

19,46

2006

1778.7

19,05

2007

3494.8

27,29

2008

4823,8

27,24

2009

5642,9

27,30
?


elmi-redaktorlar-ziz-130.html

elmi-redaktorlar-ziz-135.html

elmi-redaktorlar-ziz-14.html

elmi-redaktorlar-ziz-144.html

elmi-redaktorlar-ziz-149.html